Ба гузориши Хабаргузории Абна, Неруи дарёии Амрико бо интишори баёнияе эълом кард: «Дар ҷараёни ин ду ҳодиса, ки ба сурати ҷудогона ва дар шароити амалиётии мустақил иттифоқ афтодаанд, тамоми хидмаи ҷанганда ва чархболи Неруи дарёии Амрико наҷот ёфтаанд ва ҳеҷ гуна талафот ё ҷароҳати ҷиддӣ гузориш нашудааст.»
Ройтерз гузориш додааст, ки бар асоси баёнияи Неруи дарёии Амрико, амалиёти бозиёбии лошаи ҷанганда ва чархболи низомӣ дар маҳалли суқути онҳо дар ҳоли анҷом аст.
Дар баёнияи Неруи дарёии Амрико омадааст: «Ҳеҷ нишонае аз даргирӣ ё иқдоми хусумона дар вуқӯи ин ҳаводис вуҷуд надорад ва гурӯҳҳои эмини ҳавонавардӣ барои баррасии лошaҳо ва шароити фаннии парвоз дар замони вуқӯи ҳодиса ба минтақа эъзом шудаанд.»
Your Comment